Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ассамблеяи байнипарлумонӣ майдони муҳимми муколамаи ҳамаҷониба ва созанда байни кишварҳои иштирокдори Иттиҳод мебошад ва дар доираи он имрӯзҳо корҳои зиёди маҷмуӣ анҷом дода мешавад.
«Фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар баробари ташаккул ва мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои иштирокдор, чандин самтҳои дигари калидии ҳамкориро, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ фаро мегирад», изҳор доштанд дар робита ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, иброз намуданд, ки дар ин самтҳо имкону захираҳо фаровон аст ва моро зарур аст, ки аз онҳо ба таври самаранок ба нафъи мардумонамон истифода намоем.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои сатҳи баланд баргузоркардаи Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, аз ҷумла Ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, Вохӯрии дуюми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия”, ки дар моҳи октябри ҳамин сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуданд.
Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ беш аз сад чорабинии гуногунсатҳ, бо шумули ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гузаронида шуданд.
Аз раванди рушди ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар ҳама сатҳу зинаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Алоқамандӣ ва омодагии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкории муштарак дар доираи дигар сохторҳои равобити байнипарлумонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД ва дигар сохторҳо таъкид гардид.
Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони парлумонҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар мубориза бо чунин хавфу хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгарӣ, тундгароии динӣ, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ даъват намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд






