Кир Стармер сарвазири нави Британияи Кабир гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари ҳизби лейбористон Кир Стармер, ки дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуда буданд, сарвазири Британият гардид, хабар медиҳад Қасри Букингем.
«Шоҳ Карл III 5 июл Кир Стармерро ба ҳузур пазируфт ва аз ӯ дархост намуд, ки кабинаи нави вазиронро ташкил диҳад», — гуфта мешавад дар изҳороти Қасри Букингем.
Рӯзи панҷшанбе дар Британия интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа консерваторон шикаст хӯрданд. Айни ҳол ҳизби лейбористӣ аз 650 курсии парлумон 412 курсиро ба даст овардааст. Консерваторон тавонистаанд ҳамагӣ 121 курсиро соҳиб шаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






