Лоиҳаи Стратегияи рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ин таҷдиди назар ва таҳияи барномаҳои таълимии нави такмили ихтисос мебошад. Агар дар низоми пештара, омӯзгорон аз рӯйи 64 барнома аз курс гузаранд, имрӯз Стратегияи мазкур онро ба 9 гурӯҳ (собиқаи то 3 сола, собиқаи аз 3 то 10 сола, собиқаи аз 10 сола зиёд, ихтисосманд, ғайриихтисос, ғайри равияи омӯзгорӣ, маълумоти олӣ, олии нопурра ва миёнаи махсус) тақсим намудааст, ки дар ин маврид коркарди зиёда аз 711 барномаи таълимӣ пеш омадааст». Ин матлабро 11 июл ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода зимни муаррифии Лоиҳаи Стратегияи рушди донишкада баён дошт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур иттилоъ доданд, солҳои пеш, омӯзгори се сол собиқаи корӣ дошта бо омӯзгори 45 сол собиқаи корӣ дошта аз рӯйи як барномаи таълимӣ аз курс гузаранд, имрӯз он тақозо мекунад, ки аз рӯйи собиқаи корӣ, ихтисос, категория ва дигар нишондиҳандаҳо бояд такмили ихтисос намоянд.
Стратегияи рушди донишкада бо дарназардошти бартараф намудани мушкилоти низоми такмили ихтисос ва рушди минбаъдаи он барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, он ду марҳилаи алоҳидаро барои солҳои 2025-2027 ва 2028-2030 дар бар мегирад. Стратегия аз 6 қисмати алоҳида ва 84 банд иборат буда, ҳар як қисмат ҳадафҳо ва натиҷаҳои мушаххасро фаро гирифтааст.
Таъкид гардид, ки таҷриба нишон медиҳад, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ қариб то 60 фоиз омӯзгорони ҷавон муассисаҳои олиро ғоибона хатм намудаанд, ки барои онҳо машғулиятҳои такмили ихтисос бо дарназардошти барномаҳои нави таълимӣ ҳатман зарур аст, аз ин рӯ таҳия намудани барномаҳои таълимии стратегияи мазкур сари вақт бояд амалӣ гардад.
АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






