МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тобистону тирамоҳ барои занону духтарон мавсими омоданамоии нӯшоба, афшура, мураббо, консерва, хӯришҳо, инчунин хушконидани меваю сабзавот ва коркарди дигар маҳсулоти кишоварзӣ барои захира намудан ба зимистон мебошад. Кадбонувон бештар эҳтиёҷоти солонаи оила, яъне то ҳосили ояндаро ба назар гирифта, маҳсулот захира менамоянд.
Аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳангоми тайёр кардани афшурда, мураббо ва консерваҳо барои зимистон маҳсулоти ғизоӣ нағз тамиз намешавад ва зарфҳои нигоҳдорӣ ба таври зарурӣ коркард нашуда, меваю сабзавот дар онҳо маҳкам карда мешаванд. Дар ин ҳолат консерва ба вайроншавӣ рӯ оварда, сабаби заҳролудшавӣ ва ба бемории ботулизм гирифтор шудани истеъмолкунанда мегардад.
Ба андешаи мутахассисон, коркарди ҳамагуна маҳсулот ба худ нозукиҳои хос дорад. Аммо консерваи бодиринг ва помидор нозукӣ ва эҳтиёти бештарро талаб мекунад.
Ба гуфти доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов консерваи сабзавотӣ, аз қабили бодирингу помидорро бонувон дар зарфҳои шишагин ва дар зарфҳои чӯбини калонҳаҷм омода менамоянд, ки онҳо барои бунияи инсон зарар дорад.
«Сабзавот бояд ба тамоми талабот ва меъёри муайянгардида консерва карда шавад. Дар корхонаҳои саноатӣ ин меъёрҳо риоя гардида, бехатарии маҳсулот кафолат дода мешавад. Ҳангоми дар шароити хона тайёр намудани консерва иҷрои талаботи муайянгардида хело зарур мебошад. Барои ин бонувон дар вақти омода кардани консерва дар хона ҳатман қоидаҳои санитарию гигиениро риоя ва иҷро намоянд. Дар аввал онҳо бояд зарфҳои шишагинро тамиз намоянд. Барои консерва навъҳои бенуқсони маҳсулотро интихоб намоянд, аз ҷумла барои захира бодиринг ва помидори ҳаҷмаш хурдро консерва кардан беҳтар аст», — афзуд номбурда.
Ба гуфти ҳамсубати мо, маҳсулоти номбурда аз ҷиҳати таркиби биологӣ аз маҳсулоти тару тоза фарқият дорад. Зеро дар вақти нигодорӣ баъзе витаминҳо кам мешавад, лекин дар фасли зимистон як манбаъ хуби таъмини буния, баъди витаминҳо мебошанд.
Тавре медонем, бодиринг ва помидар аз витаминҳои зарурӣ бой аст, аз ҷумла витамини С. Инчунин дар вақти истеъмоли консерва организм бо унсурҳо, карбогидратҳо хуб таъмин мешавад ва он боқимондаи хӯрокро хуб танзим менамоянд. Маҳсулоти консерва ба организми инсон фоидаовар аст, аммо дар вақти омода кардани он бояд бодиққат бошем.
Ба тавсияи мутахассисон, пеш аз омода кардани консерваи бодиринг, аввал бодирингҳоро шуста, ҳарду тарафашро мебурем. Баъд ба муддати 4-6 соат дар об тар мекунем. Банкаҳо ва сарпӯшҳоро меҷӯшонем, кабудиҳоро низ мешӯем ва дигар маҳсулот ба он ҳамроҳ менамоем, аз қибили сирпиёз, қаламфури булғорӣ, қаламфури тез ва кабудӣ. Барои банкаи ҳаҷмаш 3 литр 1,5 — 1,7 килограмм бодиринг ва якуним литр об лозим аст. Ҳамаи маҳсулотро дар зарф ҷой дода, ду маротиба ба он оби ҷӯшонида рехта, муддате нигоҳ дошта, иваз мекунем. Ба даруни банка 2 қошуқ намак, 1 қошуқ шакар, 1 қошуқ уксус, сирпиёз ва каме шибит меандозем ва онро маҳкам мекунем. Банкаро чаппа мекунем ва онро мепечонем, чунки банка бояд оҳиста — оҳиста хунук шавад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли ин навъи консерва иштиҳоро афзун мекунад. Аммо истеъмоли зиёди он низ тавсия дода намешавад, зеро бодирингу помидор ва дигар маҳсулоти дар намак хобондашуда барои саломатии инсон зараровар буда, хатари гирифторшавиро ба саратони меъда ва санги гурда дорад.
Агар шумо дар шароити хона ин қоидаҳоро дуруст риоя намоед, сарпӯши банкаҳои консервакардаатон «дам намекунанд», «намепаранд» ва маҳсулот то зимистон хушсифат боқӣ мемонад. Маҳсулоти банкаҳое, ки обашон хира гаштаанд ва ё сарпӯшашон дам кардаанд, истеъмол накунед. Барои пешгирӣ аз ботулизм (заҳролудшавӣ) ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоед, то сиҳату саломат бошед.
АКС аз манбаъҳои боз








ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
ТОҶИКИЯТ — ЗАМИНАИ ХУДШИНОСӢ. Он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад






