МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад

Июль 16, 2024 10:05

ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тобистону тирамоҳ барои занону духтарон  мавсими омоданамоии  нӯшоба,  афшура, мураббо, консерва, хӯришҳо, инчунин  хушконидани меваю сабзавот ва коркарди  дигар  маҳсулоти  кишоварзӣ барои захира намудан ба зимистон  мебошад. Кадбонувон бештар эҳтиёҷоти солонаи оила, яъне то ҳосили ояндаро ба назар гирифта, маҳсулот захира менамоянд.

Аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳангоми тайёр кардани афшурда, мураббо ва консерваҳо барои зимистон маҳсулоти ғизоӣ нағз тамиз намешавад ва зарфҳои нигоҳдорӣ ба таври зарурӣ  коркард   нашуда,  меваю сабзавот дар онҳо  маҳкам карда мешаванд. Дар ин ҳолат консерва ба вайроншавӣ рӯ оварда, сабаби заҳролудшавӣ ва ба бемории ботулизм гирифтор шудани истеъмолкунанда мегардад.

Ба андешаи мутахассисон,  коркарди ҳамагуна  маҳсулот ба худ нозукиҳои хос дорад. Аммо консерваи бодиринг ва помидор нозукӣ  ва эҳтиёти бештарро талаб мекунад.

Ба гуфти доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов консерваи сабзавотӣ, аз қабили бодирингу помидорро бонувон  дар зарфҳои шишагин ва дар зарфҳои чӯбини калонҳаҷм омода менамоянд, ки онҳо барои бунияи инсон зарар дорад.

«Сабзавот бояд ба тамоми талабот ва меъёри муайянгардида консерва карда шавад. Дар корхонаҳои саноатӣ ин меъёрҳо риоя гардида,  бехатарии маҳсулот кафолат дода мешавад. Ҳангоми дар шароити хона тайёр намудани консерва иҷрои талаботи муайянгардида хело зарур мебошад. Барои ин бонувон дар вақти омода кардани консерва дар хона ҳатман қоидаҳои санитарию гигиениро риоя ва иҷро намоянд. Дар аввал онҳо бояд  зарфҳои шишагинро тамиз намоянд. Барои  консерва навъҳои бенуқсони маҳсулотро интихоб намоянд, аз ҷумла барои захира бодиринг ва помидори ҳаҷмаш хурдро консерва кардан беҳтар аст», — афзуд номбурда.

Ба гуфти ҳамсубати мо,  маҳсулоти номбурда аз ҷиҳати таркиби биологӣ аз маҳсулоти тару тоза фарқият дорад. Зеро дар вақти нигодорӣ баъзе витаминҳо кам мешавад, лекин дар фасли зимистон як манбаъ хуби таъмини буния, баъди витаминҳо мебошанд.

Тавре медонем, бодиринг ва помидар аз витаминҳои зарурӣ бой аст, аз  ҷумла витамини С.  Инчунин дар вақти истеъмоли консерва организм бо унсурҳо, карбогидратҳо хуб таъмин мешавад ва он боқимондаи хӯрокро хуб танзим менамоянд. Маҳсулоти консерва ба организми инсон фоидаовар аст, аммо дар вақти омода кардани он бояд бодиққат бошем.

Ба тавсияи мутахассисон,  пеш аз омода кардани консерваи бодиринг, аввал бодирингҳоро шуста, ҳарду тарафашро мебурем. Баъд ба муддати 4-6 соат дар об тар мекунем. Банкаҳо ва сарпӯшҳоро меҷӯшонем, кабудиҳоро низ мешӯем ва дигар маҳсулот ба он ҳамроҳ менамоем, аз қибили сирпиёз, қаламфури  булғорӣ, қаламфури тез ва кабудӣ. Барои банкаи ҳаҷмаш 3 литр 1,5 — 1,7 килограмм бодиринг ва якуним литр об лозим аст. Ҳамаи маҳсулотро дар зарф ҷой дода, ду маротиба ба он оби ҷӯшонида рехта,  муддате нигоҳ дошта, иваз мекунем. Ба даруни банка 2 қошуқ намак, 1 қошуқ шакар,  1 қошуқ уксус, сирпиёз ва каме шибит меандозем ва онро маҳкам мекунем. Банкаро чаппа мекунем ва онро мепечонем, чунки банка бояд оҳиста — оҳиста хунук шавад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли ин навъи консерва иштиҳоро афзун мекунад. Аммо истеъмоли зиёди он низ тавсия дода намешавад, зеро бодирингу помидор ва дигар маҳсулоти дар намак хобондашуда барои саломатии инсон зараровар буда, хатари гирифторшавиро ба саратони меъда ва санги гурда дорад.

Агар шумо дар шароити хона ин қоидаҳоро дуруст  риоя  намоед, сарпӯши банкаҳои консервакардаатон  «дам намекунанд», «намепаранд» ва маҳсулот то зимистон хушсифат боқӣ мемонад. Маҳсулоти банкаҳое, ки обашон хира гаштаанд ва ё сарпӯшашон дам кардаанд, истеъмол накунед. Барои пешгирӣ аз ботулизм (заҳролудшавӣ) ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоед, то сиҳату саломат бошед.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 16, 2024 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба манфиат ва хусусияти табобатии хӯрокҳои миллӣ
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН: аз фарҳанги сулҳ то амнияти наслҳои оянда
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
АҲАМИЯТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Мулоҳизаҳо дар ин маврид
35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон