Масъуд Пизишкиён Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд

Июль 6, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъуд Пизишкиён дар даври дуюми интихоботи президентӣ дар Эрон ғолиб шуда, нуҳумин Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид. Дар ин хусус роҳбари комиссияи интихоботии Вазорати корҳои дохилии Эрон Муҳсин Исломӣ эълон кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».

«Масъуд Пизишкиён 16 миллиону 384 ҳазору 403 овоз ва Саид Ҷалилӣ 13 миллиону 538 ҳазору 179 овоз гирифтанд. Дар ин замина Масъуд Пизишкиён дар интихоботи 14-уми президентии Ҷумҳурии Исломии Эрон интихобгардида эълон карда шуд», — гуфт ӯ.

Ба иттилои Муҳсин Исломӣ, дар маҷмӯъ 30 миллиону 573 ҳазору 931 овоз шуморида шуда, 49,8 дарсади овоздиҳандагон дар интихобот иштирок намудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 6, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд