МегаФон Тоҷикистон ба аккумуляторҳои шакли нав мегузарад
ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба ивазкунии васеъмиқёси батареяҳои аккумуляторӣ, ки барои таъмини мустақили барқи пойгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ истифода мешаванд, оғоз намуд. Ба ҷойи аккумуляторҳои ишқордори шакли куҳна литий-ионӣ, аккумуляторҳои нисбатан боэътимод дар истифодабарӣ мавриди корбарӣ қарор мегиранд. Ин имкон медиҳад, ки дар сурати қатъ гардидани шабакаҳои барқии берунӣ пойгоҳҳои базавӣ тӯлонитар кор кунанд.
Яке аз афзалиятҳои батареяҳои аккумуляторҳои литий-ионӣ – муҳлати нисбатан тӯлонитари фаъолият, андозаи хурдтар ба ҳисоб меравад. Дар майдони як пойгоҳи базавӣ метавон аккумуляторҳои бисёртарро насб кард, ки ин давомнокии фаъолияти мустақили таҷҳизоти алоқаро зиёд мекунад. Илова бар ин, батареяҳои аккумуляторҳои нав дорои диапазони калонтари ҳарорати корӣ мебошанд ва ин маънои онро дорад, ки онҳо ҳангоми тағйироти назарраси мавсимӣ, ки хоси иқлими Тоҷикистон аст, камтар вайрон мешаванд.
«Аллакай ҳамин сол мо нақша дорем, ки дар зиёда аз 170 майдони пойгоҳҳои базавӣ дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ аккумуляторҳоро иваз кунем. Мо интизорем, ки батареяҳои аккумуляторҳои нав эътимоднокии шабакаро ба таври назаррас афзоиш дода, имкон медиҳанд, ки муштариён ҳатто ҳангоми қатъкуниҳои тӯлонии неруи барқ бо алоқа таъмин карда шаванд», — мегӯяд директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов,.
Дар навбати аввал, батареяҳои аккумуляторӣ дар маконҳо бо сарбории зиёди шабака иваз карда мешаванд. Дар соли 2024 қисми зиёди батареяҳои аккумулятории литий-ионӣ дар Душанбе насб карда мешаванд – қариб 230 батареяҳои аккумуляторӣ дар зиёда аз 110 майдони пойгоҳҳои базавӣ. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ системаҳои таъмини мустақили барқ дар 30 пойгоҳи базавӣ навсозӣ карда шуда, наздики 30 пойгоҳи базавии дигар дар Суғду Хатлон соҳиби аккумуляторҳои шакли нав мегарданд. Дар оянда тамоми пойгоҳҳои базавии оператор ба батареяҳои аккумуляторҳои эътимодноктару устувортар ба тағйирёбии ҳарорат гузаронида хоҳанд шуд.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






