Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд

Июль 20, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар мубоҳисаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба мавзӯи «Ҳамкории СММ ва созмонҳои минтақавӣ ва зерминтақавӣ бо мақсади ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ: ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ,  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон изҳор дошт, ки равобити Созмони Милали Муттаҳид бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бояд намунаи ҳамкории муассир байни сохторҳои глобалӣ ва минтақавӣ бошад ва ба ин созмонҳои минтақавӣ имкон диҳад, ки кӯшишҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Шурои Амнияти онро барои нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ мукаммал созанд.

Инчунин тазаккур дода шуд, ки таҳдиду чолишҳои амниятӣ зарурати тавсеаи ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавии мазкуро тақозо намуда, дар ин замина таҳияи абзорҳои ҳамкории нав дар самти мубориза бо терроризм ва гардиши маводи мухаддир низ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки Тоҷикистон минбаъд низ дар рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ саҳм хоҳад гузошт.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 20, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд