НАЗАРИ КОРШИНОС. Созмони ҳамкории Шанхай зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд

Июль 10, 2024 08:26

ДУШАНБЕ, 10.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо дарки равандҳои объективии ҷаҳони имрӯз дорои манфиатҳои муштарак будани худро дарк намуда, барои ҳифзу татбиқи онҳо пайваста талош меварзанд. Ин тамоюл муҳитеро ба вуҷуд оварда истодааст, ки мардумони ин мамлакатҳо беш аз пеш ба якдигар наздик мешаванд, гардиши мол миёни давлатҳо меафзояд. Рушди миёнаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2023 5 фоиз, истеҳсоли саноатӣ 4,5 фоиз ва сатҳи таваррум ҳамагӣ 2,4 фоизро ташкил намуд. Иқтисодиёти онҳо тавассути ин равандҳо қудратманд шуда, афзоиши ҳамасолаи рушди онҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пайваста таъкид мегардад. Чунин изҳор намудааст директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар мақолааш, ки дар ҳошияи баргузории нишасти 24-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар идомаи мақола чунин омадааст:

— Баргузории нишасти 24-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона, бидуни шак ба як рӯйдоди бузурги минтақавию байналмилалӣ табдил гашт. Аз ин рӯ, шореҳону коршиносони сиёсӣ аз қабл вориди баҳсу ибрози диду назарҳои ҳамаҷониба оид ба аҳамияти натиҷаҳои ин нишаст гардида, таъкид менамоянд, ки бо рӯзномаи хеш нишасти мазкур сатҳу сифати ҳамкории минтақавиро боло бурда, ба таҳкими амнияту субот ва рушди сифатан нави минтақа мусоидат хоҳад кард.

Чунин сатҳи таваҷҷуҳ ба фаъолияти созмони мазкур аз он бармеояд, ки сарони мамлакатҳои узви он бо сиёсат ва иқдомоти созандаашон паёмади равандҳои зиддиятноки ба рушду амнияти башарӣ таҳдидкунандаро тӯли солҳои охир дарк ва ба таври назаррас коҳиш дода тавонистанд. Интизор меравад, ки чунин иқдомҳо ба тадриҷ моҳияти сиёсати на танҳо минтақавиро, балки глобалиро дигаргун хоҳанд кард.

Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай тавонистанд, тавассути ҳамкории судманд аз хатари ба майдони рақобатҳои оштинопазири геополитикӣ табдил ёфтани фазои худ ҷилавгирӣ намоянд. Доир ба масъалаи мазкур дар нишасти Остона, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки 23 сол муқаддам замони таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, сарони давлатҳо-асосгузорон диққати худро ба мушкилоти Осиёи Марказӣ нигаронда, минтақаи мазкурро ба ҳайси «меҳвари Созмони ҳамкории Шанхай» муқаррар намуданд. Вобаста ба ин зарурати ҳузури фаъоли бештари Созмон дар Осиёи Марказӣ, ки солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи зиёди бозингарони хориҷӣ гардидааст, таъкид карда шуд. Дар заминаи чунин арзёбиҳо бар асоси матни Баёнияи қабулгардида Осиёи Марказӣ ба сифати «меҳвари Созмони ҳамкории Шанхай» шинохта шуда, интизор меравад, ки партави хуршеди назми ташаккулёфтаистодаи ҷаҳонӣ маҳз аз ҳамин нуқтаи ҷадиди геополитикӣ паҳн хоҳад шуд.

Бо дарназардошти ҷолибияти масъалаи болозикр қабл аз баргузории нишасти Остона, барои доираи коршиносони байналмилалӣ яке аз муаммоҳо ин буд, ки дар вохӯрии рӯ ба рӯ мамлакатҳои узв вобаста ба баъзе аз мушкилоти ҷойдоштаи марзию ҳудудӣ ва тамоюли на ҳамеша яксони хориҷияшон чӣ тавр метавонанд, гирди мавзуъҳои калидӣ ба мувофиқа расанд. Вале, пояи тахминҳои ноумедворонаро вобаста ба ин мавзуъ таомули ба дастовардаи амалгаронаю воқеии Чину Ҳинд маҳз дар заминаи ҳамин нишаст дар барои дарёфти роҳи ҳалли судманди баҳсҳои марзӣ аз байн бурданд. Ин гувоҳи он аст, ки талошҳои ҳаллу фасли ихтилофотҳои ҷойдошта байни давлатҳои узви созмон имрӯз аллакай ба худ хусусияти ниҳодинаро касб кардааст, ки интихоби машварату гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ҳарчанд қабл аз оғози нишаст, баъзе аз пойгоҳҳои таҳлилӣ ва расонаҳо маводи зиёдеро оид ба эҳтимоли он ки мамлакатҳои қудратманди узв талош хоҳанд варзид, ки обрӯю нуфузи ба даст овардаи созмонро барои намоиши қудрати фаротар аз марзҳояшон истифода баранд, вале дар асл муҳтавои санадҳои ба имзорасонадаи созмон, аз ҷумла Баёнияи нишаст гувоҳи он аст, ки аъзои созмон мекӯшанд фазои муносибатҳояшонро ҳарчи бештар ба арсаи талошҳои дарёфти имкониятҳои густурдаи ҳамзистии мусолиматомез табдил диҳанд. Равобити муносиби кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай заминаи муҳиме барои ҷалби таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти созмон гаштааст.

Дар робита ба ин таъкид кардан ба маврид аст, ки Созмон тибқи низоми ташкили фаъолияти хеш зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои аъзоро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд. Барои тақвияти ин шеваи фаъолият дар нишасти Остона мамлакатҳои аъзо оид ба васеъ кардани салоҳиятҳои Котиботи Созмон қарор қабул намуданд. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки ин Созмон мутавозинсози рафтори ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо дар посух ба масъалаҳои минтақавӣ, балки аксар маврид хатарҳои байналмилалӣ низ мебошад. Баҳри иҷрои ин ҳадаф он дидгоҳҳо ва мулоҳизоти худро нисбат ба падидаҳои минтақавию фароминтақавӣ дар заминаи эҳтиром ба мавқеъҳои якдигар матраҳ менамоянд. Яъне, ҳамкории мутавозину судманди кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай намунаи хубе барои эҷоди назми нави башарӣ аст. Талошҳо барои эъмори низоми боадолату чандқутбӣ, ки аз ҷониби созмони мазкур мушоҳида мешавад, пеш аз ҳама ба афзоиши нақши Созмони Милали Муттаҳид, риояи қонунҳои байналмилалӣ ва пуштибонӣ аз иқдоми давлатҳои мустақил барои мушорикати баробарҳуқуқ дар фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид менамояд.

Ҳамчунин кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳавасмандиашонро дар мавриди пешгирии таҳдидҳо ба амнияти мамлакатҳои аъзои созмон дар нишасти Остона бо дастгирии пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои ифтитоҳи Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе исбот намуданд. Интизор меравад, ки чунин иқдомҳо ба тадриҷ моҳияти таъмини сиёсати амниятии минтақавиро дигаргун хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, натиҷаҳои ба даст овардаи нишасти 24-уми Созмони ҳамкории Шанхай ва қабули 25 санади муҳимми ҳамкорӣ оид ба рушди гуногунҷанбаи фаъолияти созмон баёнгари он аст, ки талоши кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай барои таъмини рушди устувор, амнияти минтақавию глобалӣ собитқадамона буда, он ба тадриҷ коҳиши таъсири баъзе аз ниҳодҳои байналмилалиро дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ ҷуброн менамояд. Бо ин мақому нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, ки дар саргаҳи таъсиси ин созмони бонуфуз қарор дорад, боз ҳам бештар мегардад.

Июль 10, 2024 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?