НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бақайдгирии маъракаҳо минбаъд ба таври онлайн мегузарад

Июль 30, 2024 13:28

ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи нақшаи чорабиниҳои гузаштан ба ҳукумати электронӣ бақайдгирии маъракаҳоро ба таври онлайн ба роҳ мондааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ин ниҳод Сулаймон Давлатзода дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Раиси Кумита иброз дошт, ки ин лоиҳа дар айни замон пилотӣ буда, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи онро дар бар мегирад.

«Дар доираи амалишавии ин таҷриба рафтуои мардум камтар мешавад. Минбаъд шаҳрвандоне, ки маърака доранд, бе муроҷиат ба бахши танзим имкон доранд ба сомона дохил шуда, ба таври онлайн маъракаашонро сабт намоянд. Мо дар оянда нақша дорем ин таҷрибаро дар тамоми ҷумҳурӣ амалӣ намоем»,-афзуд раиси кумита.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 40661 маърака доир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   3176 маърака камтар мебошад.

Ҳамзамон дар шаш моҳи аввали имсол дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481,  Кодекси ҳуқукқайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 885 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ ва вобаста ба 877 ҳолат ҷазо таъйин гардид.

Мутобиқи маълумот, маблағи умумии ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти судӣ таъйингардида 6 миллиону 156 ҳазору 473 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 3 миллиону 156 ҳазору 799 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2024 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид