НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол андозаи нафақаи беш аз 775 ҳазор нафақагир мавриди индексатсия қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол андозаи нафақаи 775 008 нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, мавриди индексатсия қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ, нафақаи меҳнатии 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ ва нафақаҳои иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод.
«Ин маблағҳо бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли имсол ҷудо гардида, аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шуданд», — афзуд директори агентӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, аз оғози моҳи июли имсол нафақаи нафақагирон бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт шуда истодааст.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки то 1 июли имсол дар ҷумҳурӣ 815 ҳазору 658 нафар нафақагирон зиндагӣ мекунанд. Ин рақам аввали соли 2023 763 ҳазору 333 нафарро ташкил медод, ки теъдоди онҳо нисбат ба соли 2022 13 ҳазору 516 ё 1,8 фоиз бештар гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






