Олимони кайҳоншиноси тоҷик дар Конгресси байналмилалии астраномҳо дар Фаронса иштирок карданд
ДУШАНБЕ,04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии астраномҳо, ки дар Донишгоҳи Сорбони Парижи Фаронса баргузор шуд, иштирок намуданд. Онҳо дар ин ҳамоиш фаъолияти таҳқиқотии хеш ва дастовардҳои омӯзиши кайҳонро дар Тоҷикистон муаррифӣ карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти астрофизика хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳбари шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ва ходими калони илмии шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизика Фирӯза Раҳматуллоева дар доираи иштирок дар ин чорабинӣ, бо мақомоти дахлдор масъалаи тақвияти ҳамкории судманди илмӣ бо расадхонаи астрономии Парижро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Астраномҳои тоҷик дар Расадхонаи Париж барои густариш бахшидани ҳамкории илмӣ ва ба роҳ даровардани мушоҳидаҳои объектҳои наздизаминӣ, бо коршиносони пешбари Расадхонаи Париж профессорон — Ҷереми Вайбалон ва Франсуас Колас вохӯриҳои илмӣ баргузор намуданд.
«Ба нақша гирифта шуд, ки соли оянда се адад таҷҳизоти замонавии фаронсавии FRIPON барои ба қайд гирифтани метеорҳо «ҷирмҳои хурди кайхонӣ, ки ба атмосфераи Замин ворид мешаванд» дар минтақаҳои Тоҷикистон васл хоҳад шуд, ки ин барои васеъ гардидани доираи таҳқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон хело муфид мебошад»-, иброз дошт Гулчеҳра Қоҳирова.
Бояд гуфт, ки дар шароити ҷаҳоншавӣ масъалаҳои сиёсӣ дар соҳаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Омӯзиши кайҳон бо мақсадҳои осоишта, ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътибори давлатро дар арсаи байналмиллалӣ низ баланд мебардорад.
Ёдовар мешавем, ки муассисаи Расадхонаи Париж маркази таҳқиқотии астрономии бузурги фаронсавӣ буда, дар соҳаи тахқиқоти амалӣ ва бунёдӣ дар ҷаҳон саҳми бузург дорад. Даъват шудани олимони астрофизикҳои тоҷик ба расадхонаи мазкур, аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи олимони тоҷик дар соҳаи астрофизика хеле назаррас аст.
АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






