Омӯзгорони шаҳри Душанбе ба омӯзиши Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон фаро гирифта мешаванд

Июль 31, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 июл то 21 август дар се марҳила 1206 нафар омӯзгорони шаҳри Душанбе аз даври омӯзишии Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон PISA мегузаранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Омӯзишҳо бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи​ «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби тренерони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешаванд.

Марҳилаи якуми ҳамкорӣ муваффақона ба анҷом расид ва имрӯз фаъолияти якуми марҳилаи дуюми ҳамкорӣ оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон беандоза буда, ба ин бахши таҳсил ва нақши он дар беҳтар намудани сифати таҳсил эътибори хос зоҳир мегардад.

Таъкид шуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA 2025 барои арзёбии сифати таҳсил дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самараноки таълим, механизмҳои институтсионалии арзёбӣ, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мешаванд, хубу натиҷаовар аст.

Иштирокдорон Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагонро баҳри рушди минбаъдаи соҳаи маориф баён намуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки омӯзгорон дар омӯзиш фаъол бошанд ва аз ҳузури ҳамтоёни қазоқашон истифода намуда, барои омӯзиши усулҳои нав саъю талош намоянд.

Вобаста ба таъмин намудани иштироки омӯзгорон дар даврҳои омӯзишӣ масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

 

Июль 31, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?