ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар Ёвон бинои иловагии мактаби №6 ба истифода дода мешавад

Июль 21, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорона ва  маорифпарваронаи Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муассисаи таълимии рақами 6-и деҳаи Қамбарии Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуповаи ноҳияи Ёвон бинои нави иловагии замонавӣ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ медиҳад.

Бинои нави иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои ҳашт синфхона ва утоқи корӣ мебошад. Сохтмони бинои нави таълимӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025 ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Таъкид шуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, аз замони аввали соҳибистиқлолии давлат то ба имрӯз дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Инчунин барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия низ бомаром идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Июль 21, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд