Пагоҳ дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявӣ «Ҳунар омӯз…» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 6 июл бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даврии ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор мешавад, ки дар он ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок намуда, ҳунари кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ, заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, ороиш аз санг, кулолгарӣ, читгарӣ, зардӯзӣ, попурӣ, намадбофӣ, қолинбофиро муаррифӣ менамоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад, озмун соати 8:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, он ҷиҳати иҷрои банди 33-и «Ҷадвали баргузории чашну солгард, фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» амалӣ мегардад.
Ҳадафи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти онҳо, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди мероси пурғановати ниёгон мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






