Пагоҳ дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази миллии тестӣ, МД «Тоҷикфилм» ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор мешавад.
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 (кӯчаи Дӯстии халқҳо 94, бинои Муассисаи давлатии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе», рӯ ба рӯи ТВ «Варзиш») доир мегардад.
Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм баргузор мешавад.
Дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ соати 09:30 доир мешавад.
Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар якҷоягӣ бо Донишкадаи исломии Тоҷикистон соати 10:00 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон барпо мешавад.
Дар Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






