Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 июл Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм соати 08:30 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (кӯчаи академик А.Адҳамов,11/2 рӯ ба рӯи Литсейи рақами 4) баргузор мешавад.
Дар Кумитаи рушди маҳал нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мешавад.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши оби шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар Маркази миллии қонунгузории нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соати 09:00 ва дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон соати 10:00 баргузор мешаванд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад






