Пешвои миллат ба Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа автомошинаҳои хидматӣ тақдим намуданд

Июль 11, 2024 09:34

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июл дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ маросими тақдими туҳфаҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- автомошинаҳои хидматӣ ба роҳбарони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар маросими тақдими автомошинаҳои хидматӣ, Раиси вилоят Алишер Мирзонабот аз иқдомҳои наҷиби Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар тули 30 соли фаъолияти пурсамар, бахусус оид ба дастгирию талошҳои пайвастаи Роҳбари ин ҳизби созанда, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Раиси вилоят гуфт, ки аъзои ҳизб дар ҷавоб ба ин дастгирию ғамхориҳо бояд беш аз пеш фаъолияташонро дар самти татбиқи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон тақвият бахшида, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда ҳизб бояд корҳои идеологиро дар байни сокинони вилоят пурзӯр намоянд.

Дар фарҷом аз ҷониби Раиси вилоят калиди автомошинаҳои хизматиро ба роҳбарони ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои номбаршуда тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки 18 октябри соли 2023 бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон- шаҳраки Вомар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон ба роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон туҳфаи Пешвои миллат- мошини нави хизматӣ тақдим гардид. Ҳамчунин 19 октябри соли 2023 барои роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон туҳфаи Пешвои миллат- нақлиёти нави хизматии тамғаи «Нива» дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Хотиррасон мешавем, ки бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 4 июли соли равон аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар Данғара, Фархор, Кӯшониён, Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд, ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзоб, Тоҷикобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав нақлиёти хизматӣ тақдим гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июль 11, 2024 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд