Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва вазири корҳои дохилӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва вазири корҳои дохилӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, доир ба як қатор масоили муҳимтарини рӯз ҳисоботи онҳоро шуниданд ва барои сари вақту босифат анҷом додани тадбирҳои зарурӣ ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ, афзун намудани иқтидори содиротии кишвар, бахусус содироти маҳсулоти кишоварзӣ, босифат ва сари вақт анҷом додани омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, хусусан, таъмиру тармими ҳамаҷониба ва босифати иншооти соҳаи маориф дар тамоми қаламрави кишвар то деҳоти дурдаст, вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, пеш аз ҳама, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ зоҳир гардида, доир ба ин мавзуъҳои муҳим ва дар маҷмуъ, барои иҷрои дақиқи нақшаю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба болоравии шадиди ҳарорати ҳаво дар кишвар, хусусан дар вилояти Хатлон, ки аз имрӯз сар шуда, то чанд рӯзи дигар идома хоҳад дошт, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба масъулин доир ба пешгирӣ аз сӯхтору дигар ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи биною иншоот, бозорҳо ва киштзор, бахусус заминҳои ғалла аз он ва зери назорат гирифтани ҷойҳои оббозии кӯдакону наврасон дастуру супоришҳо доданд ва таъкид карданд, ки барои ҳифзи саломатӣ аз гармои шадид мардум бояд об зиёд нӯшанд.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






