Роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол бунёд мегардад

Июль 15, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи бунёди роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол ба масофаи умумии 171 километр дар вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гурӯҳи мутахассисони чинӣ бо роҳбарии президенти Институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин Чэн Хэ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки бунёди роҳи оҳан дар ин хатсайрҳо,  барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим мебошад.

Дар мулоқот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки нахуст мутахассисону муҳандисон ва лоиҳакашон корҳои омӯзиширо гузаронида, сипас аз рӯи натиҷаҳои омӯзишу таҳлил барои бунёди роҳи оҳан тасмим гирифта мешавад.

Таъкид шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони ду давлат — Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, нақлиёт, энергетика, илму маориф тавсеа ёфта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки соҳаи нақлиёту коммуникатсия яке аз самтҳои авлавиятнок дар ҳамкории  ду ҷумҳурӣ арзёбӣ шуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистону Чин дар ин самт як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 15, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад