Шакли нави сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 17.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи нави https://www.president.tj, ки аз ҷониби мутахассисони варзидаи ватанӣ таҳия гардидааст, аз шакли пешинаи худ бо тарҳи зебою замонавӣ, суръати баланд ва дигар имконоти муосир фарқ намуда, ҳамқадам бо дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини фаврият, сабукии кори истифодабарандагон ва дастрасии озоду бевосита ба хабарҳо аз фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар сомона имкониятҳои нав барои дарёфт кардани маводи зарурӣ, аз ҷумла пешниҳоди васеи ҷустуҷӯ аз рӯйи калидвожаҳо, сана ва рақам, калону хурд кардани ҳаҷми матнҳо, бо сифати баланд дар таҷҳизоти худ боргирӣ кардани аксу наворҳо ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубодила намудани онҳо фароҳам оварда шудааст.
Барои истифодабарандагони компютер, телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо тарҳҳои алоҳидаи сомона таҳия гардида, хабарҳо дар онҳо ба таври хос ҷойгир карда мешаванд.
Ҳамаи маводи сомона бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисиву арабӣ пахш ва бо аксу наворҳои баландсифат пешниҳод мегардад. Бахшҳои сомона аз зербахшҳои зиёд иборат буда, дар онҳо маълумоти муфассалу фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Дар сомона барои хонандагон ҳамчунин дар бораи Тоҷикистон, Рамзҳои давлатӣ, Пешвои миллат, Президент, Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроия маълумот пешниҳод гардидаанд.
«Нома ба Президент» аз бахшҳои муҳими сомона буда, барои таъмини робитаи мустақиму бевоситаи Роҳбари давлат бо истифодабарандагони ин саҳифаи интернетӣ ва умуман мардуми кишвар пешбинӣ шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки аввалин маротиба сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2005 таҳия гардида, соли 2012 навсозӣ шуда буд.
Таҳияи нави сомонаи https://www.president.tj ба кормандони воситаҳои ахбори омма ва ҳар як истифодабарандаи шабакаи ҷаҳонии интернет имконият медиҳад, ки бо истифода аз навгониҳои он ё аз саҳифаҳои Президент дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, X.com, Telegram, Youtube саривақт, бевосита ва ба осонӣ маълумоти заруриро дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт намоянд.








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон






