Ширкати «China Datang» дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ бо қувваи 500 мегават месозад

Июль 15, 2024 14:44

ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии корпоратсияи чинии «China Datang» дар Осиёи Марказӣ Ван Хао ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла истеҳсоли энергияи «сабз» изҳор доштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҷонибҳо аз густариши ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки натиҷаи сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раиси вилоят доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва захираву имкониятҳои мавҷуда, тақвиятбахшии ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии чинӣ изҳори омодагӣ кард. Таъкид шуд, ки вилояти Суғд бо мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии он дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 1 миллиарду 475,6 миллион доллари ИМА баробар гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки корпоратсияи «China Datang» соли 2002 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин таъминкунандагони неруи барқ дар Чин аст. Ширкат дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистони ҳамсоя низ истеҳсоли батареяҳои офтобиро ба роҳ монда, энергияи «сабз» истеҳсол менамояд. Ширкат нақша дорад, ки дар вилояти Суғд низ неругоҳи офтобиро ташкил карда, то 500 мегаватт неруи барқ истеҳсол намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июль 15, 2024 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад