СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бахшида ба он дар ноҳияи Нуробод бо сокинон вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавҳари аслии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои волои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, баробарӣ, шоистасолорӣ, дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати комили халқ ташкил медиҳад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар мавзуи «Конститутсия — омили истеҳкомбахши маърифати ҳуқуқӣ» дар ноҳияи Нурбод баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамоиш дар иртибот ба ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ гузаронида шуда, дар он намояндагони мақомоти марбутаи мамлакат ва сокинони ноҳияи Нуробод иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки баргузории ҳамоиш дар ин ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ амри зарурӣ буда, баҳри баланд бардоштани маърифти сиёсиву ҳуқуқии сокинон нақши муҳим хоҳад гузошт.
Иштирокдорони ҳамоиш дар бораи дастовардҳое, ки Тоҷикистон бо шарофати қабули Конститутсия ба он ноил гардидааст, ибрози андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки Конститутсия сарчашма ва кафили бақои ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ маҳсуб ёфта, дар он иродаи ягонаи сиёсии мардум таҷассум гардидааст. Мардуми Тоҷикистон бо ихтиёр ва истифода аз ҳаққи интихоби худ Конститутсияро қабул намуда, роҳи минбаъдаи давлатро мушаххас карданд. Ин санади тақдирсоз ҳамчун таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқии бинои давлатдорӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсиргузор аст.
Ҳамзамон дар ҳамоиш доир ба волоият ва арзиши баланди қонун, эҳтиром ба он ва бо ин роҳ тақвияти маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа, инчунин оид ба масъалаҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, истифодаи нодуруст аз воситаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, пешгирии хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, танзими анъана, ҷашну маросим ибрози назар карда шуд.
Таъкид шуд, ки сабаби аслии мавҷудияти чунин мушкилиҳо дар ҷомеа, ин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки бо таблиғу ташвиқ ва омӯзишу тадрис сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






