ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июл, чоршанбе, 185-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуд, ки он бекор кардани ҳукми қатл барои занонро дарбар мегирифт.
***
3 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамон рӯз инчунин пленуми Иттифоқи нависандагон барпо гашт. Дар пленум роҳбарияти нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳайати 58 нафар интихоб шуд. Маъмурияти иттифоқ дар ҳайати пештарааш боқӣ монд. Дар анҷуман дар натиҷаи овоздиҳии иштирокчиёни он Меҳмон Бахтӣ боз раиси иттифоқ интихоб шуда, Абдулҳамид Самадов- муовини аввал ва Камол Насрулло -муовини раиси иттифоқ интихоб гардиданд.
***
3 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро ба имзо расониданд.
***
3 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду мамлакат оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд.
***
3 июли соли 2014 бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии содирот ва сармоягузории Қазоқистон «KAZNET INVEST» дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид. Дар кори форум зиёда аз 20 ширкати бузурги қазоқӣ аз соҳаҳои мошинсозӣ, химиявӣ, техникаи электронӣ, сохтмонӣ, истеҳсоли қоғаз, дорусозӣ ва маҳсулоти хӯрока иштирок карда, ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд. Дар идомаи ҳамоиш Созишнома байни Ширкати саҳомии «Заводи трансформатии Кентау»-и Қазоқистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» оид ба таъмини трансформаторҳои қазоқӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи кӯдакон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бегоҳии ҳамон рӯз дар амфитеатри боғи мазкур, ки дорои 500 ҷойи нишаст мебошад, бо иштироки насли наврасу хушбахти даврони истиқлол ва сарояндагони маҳбуби онҳо барномаи фарҳангию фароғатӣ доир карда шуд.
***
3 июли соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Рӯзномаи ҷаласа танҳо аз як масъала — муаррифии «Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор» иборат буд.
***
3 июли соли 2020 пас аз мавриди истифода қарор додани як зумра иншооти нави таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии сокинон, дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии Ваҳдат бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҷумҳуриявию вилоятӣ ва фаъолони вилоят мулоқот анҷом доданд.
***
3 июли соли 2020 дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 776 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар Ковид-19 баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Узбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
***
3 июли соли 2022 3 нафар олими тоҷик Самариддин Афғонов, Ҷумахон Файзализода ва Абулҳай Комилӣ академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва машварати минтақавӣ доир ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ доир гардид.
3 ИЮЛ:
Дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ.
***
Дар Беларус – Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Музаффар Бурҳонов — соли 1941 — раққос ва балетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.