Таътили тобистона дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ фаро расид
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ таътили тобистона фаро расид, ки тақрибан як моҳ идома меёбад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пешсафи феълии чемпионат -дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аст, ки пас аз 11 бозӣ 33 имтиёз ба даст овард. Тими КМВА-и шаҳри Душанбе дар зинаи дуюм (25 хол, 12 бозӣ) мебошад. Ҷойи сеюмро дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд (22 хол, 12 бозӣ) соҳиб гардидааст.
Хотиррасон мешавем, ки нимаи дуюми мавсим бо бозиҳои аввали даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки 27, 28 ва 29 июл баргузор мешаванд, оғоз мегардад.
Беҳтарин нишонзанҳо пас аз 12 даври Лигаи Олӣ Манучеҳр Ҷалилов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе — 10 гол, инчунин Элеке Чибуеке Блессинг аз дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, Артём Сердюк аз дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд — бо 6 гол, Алишер Ҷалилов аз дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Шериддин Бобоев аз дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор – 5 голӣ мебошанд.
Ёдовар мешавам, ки аз 1 июли соли равон равзанаи гузариш дар Чемпионати Тоҷикистон боз гардида, то 28 июли соли 2024 идома меёбад.
Дар ин равзана дастаҳо имкон доранд, ки бозингарони навро ҷалб карда, барои иштирок дар мусобиқаҳои зерини Лигаи футболи Тоҷикистон сабт намоянд:
Лигаи Олӣ | Даври 13
9 август | 19:00
«Барқчӣ» – «Истаравшан».
«Регар-ТадАЗ» — «Куктош».
10 август | 19:00
«Вахш» – «Истиқлол».
«Ҳосилот» — «Хуҷанд»
11 август | 19:00
КМВА – «Эсхата»
«Панҷшер» — «Равшан».
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






