ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе муваққатан манъ гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 13 июл то 25 августи соли равон дар шаҳри Душанбе тариқи кӯчаи А.Қаҳҳоров ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан манъ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров бо хиёбони Саъдии Шерозӣ то комбинати гӯшт (мясокомбинат) то моҳи август манъ гардида, ба ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ тағйирот ворид гардид.
Кӯчаи А.Қаҳҳоров дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ карда мешавад. Айни замон дар қитъаи роҳ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ ва ивазу пайвасти қубурҳои оби ошомиданӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ ҷараён дорад.
Ҳадаф аз таъмири роҳҳо дар пойтахт ин васеъ кардани роҳ, сохтмони обпартоҳо, бехатарии ҳаракати нақлиёту пиёдагардон, насбу ивази чароғҳои роҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонгузории амудӣ, уфуқӣ ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ мебошад.
Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» иттилоъ доданд, тибқи нақша, давоми солҳои оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, онҳо дар буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров – Даврӣ- Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта, ба истифода дода мешаванд.
Бунёди роҳҳои дусатҳа ба бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат менамояд.
Дар оянда бунёди пули мошингарди болои дарёи Душанбе аз кӯчаи Даврӣ-Ҷанубӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров бо дарозии умумии пул бо гардишҳои нақлиётии 2,57 км, масоҳати умумии 733 ҳазору 22 м2 дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






