Тоҷикистон ва Туркия бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкориро тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкориро тақвият мебахшанд. Ин масъала зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбари Дафтари ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия дар Душанбе (ТИКА) Ибраҳим Этнем баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди бозиҳои миллӣ, табодули таҷрибаи варзишгарони Тоҷикистону Туркия ва васеъ намудани имкониятҳо барои ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо ташкилотҳое, ки барои рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш равона карда шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамзамон аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуда, барои густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори умедворӣ карда шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






