ЯКДИЛ БИШАВЕМУ МУЛК ОБОД КУНЕМ. Дар Ҳисор озмуни «Чеҳраи муваффақи диёр» доир мегардад

Июль 30, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  нахустин маротиба  озмуни «Чеҳраи муваффақи диёр»-ро таҳти унвони «Якдил бишавему мулк обод кунем» дар доираи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Дар озмун чеҳраҳои саршинос, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд ва шогирдони онҳо, кормандони соҳаи фарҳанг, тандурустӣ, саноат, кор бо занон, кор бо ҷавонон, аҳли эҷод,  варзишгароне, ки ба шарафи ғалабаи онҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст, соҳибкорони ватанӣ, ки дар бунёди иншооти ҷашнии 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд, ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар пешрафту ободонии диёр бо бунёди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, роҳу пулҳо саҳми арзишманд мегузоранд, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисор ва дигар қишри ҷомеа, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона, инсондӯстона ва созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти касбии худ ба комёбиҳои баланди касбӣ мушарраф гардидаанд, иштирок карда метавонанд.

Дар маҷлиси нахустини Кумитаи тадорукот ангораи озмуни «Чеҳраи муваффақи диёр» тасдиқ шуд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки мақсад аз ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба озмун- ин иҷрои ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуда буданд: «Яке аз вазифаҳои муҳими ташкилоти ҳизбӣ робитаи доимии онҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Мо бояд бо ҳамватанонамон мунтазам кор барем, зеро ҳамватанони бурунмарзиамон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ низ фарзандони халқи мо ва гузашта аз ин, шаҳрвандони мамлакати мо мебошанд».

Ба ғолибони озмун дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 30 — солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷоиза ва дипломи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор тақдим мешавад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Июль 30, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд