12 АВГУСТ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Илму маориф ва фарҳангу варзиши Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоем!

Август 12, 2024 15:12

ДУШАНБЕ, 12.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз нисфи аҳолии ҷаҳонро наврасону ҷавонони то 30-сола ташкил дода, интизор меравад, ки ин шумора то охири соли 2030 ба 57 фоиз расад. Дар ин хусус Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҷавонон (12 август) ёдовар гардидааст.

Тибқи таҳлили оморӣ, аз шумораи умумии аҳолӣ 32,9%-и онро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил дода, синни миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардида, дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9% шумораи ҷавонон дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.

Ҷавонон дар соҳаи илму маориф пешсафанд

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони бомаҳорату боистеъдод Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» таъсис шудааст, ки танҳо давоми ду сол: 2022-2024 беш аз 200 нафар ҷавонон тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Италия, Британияи Кабир, Олмон, Швейтсария, Фаронса ва дигар давлатҳои пешрафта таҳсилро идома медиҳанд. Мояи ифтихор аст, ки дар байни шаҳрвандони хориҷӣ ҷавонони Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд

Аз ҷумла, давоми ду сол аст, ки беш аз 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихтисосҳои гуногун меомӯзанд. Беш аз 10 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Амрико таҳсил доранд, аллакай соҳиби дастовард ва нишондиҳандаҳои илмӣ ва таҳсилӣ гардидаанд, ки ин ифтихори давлату миллати тоҷик мебошад.

Инчунин яке аз ҷавонони муваффақи тоҷик Билол Дустов дар зинаи бакалаврияти аудити молиявӣ дар шаҳри Ню – Йорки Амрико таҳсил намуда, тибқи мониторинг, ба даҳгонаи беҳтарин донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло мехонанд, дохил гардидааст.

Ҷавонони тоҷик- ворисони Сино

Тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» докторант Назрулло Раҳимов дар зинаи докторантура дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил намуда, давоми таҳсил тавонист, ки навгониҳои илмиро дар таҷриба омӯзад ва соҳиби сертификати байналмилалӣ гардад.

Дар баробари ин дар Англия, Италия ва Олмон низ як зумра ҷавонони тоҷик аз рӯи мониторинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин давлатҳо ба даҳгона ва ё рейтинги рақами яки беҳтарин донишҷӯёни хориҷӣ дохил шудаанд, ки мояи ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Чунин ҷавонон на танҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, балки дар Британияи Кабир, Сингапур, Олмон ва дигар давлатҳо низ фаъолона таҳсил дошта, номбардори миллати сарбаланди тоҷик гардидаанд.

Ҷавонон ва рушди фарҳанг

Тавре иброз доштем, имрӯзҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон имконияту шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Бахусус дар соҳаи фарҳангу санъат низ майдон хеле фарох аст ва ин имкон медиҳад, ки ҷавонон ҳунару малака нишон диҳанд. Яке аз ҷавонони соҳибистеъдод, ки дар ин самт муваффақият ба даст оварда, Тоҷикистонро дар хориҷи мамлакат муаррифӣ намуд, Фаррух Ҳасанов мебошад. Сарояндаи 26-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Моҳи сентябри соли 2023 Фаррух дар финали ин озмун маҳорати баланд нишон дода, доваронро дар ҳайрат гузошт ва соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гардид.

Ба ҳунари волои сарояндагии Фаррух овозхонҳои машҳури Русия, аз ҷумла Филипп Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон баҳои баланд дода буданд.

Фаррух Ҳасанов дар маросими ҷоизагирӣ иброз дошта буд, ки ин дастовардро ба Ватанаш- Тоҷикистон мебахшад.

Дар баробари Фаррух ҳастанд ҷавонони фаъоле, ки дар ин самт муваффақияти зиёд ба даст оварда, санъату фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ намудаанд.

Ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои варзишӣ парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд

Солҳои охир ҷавонон-варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Ба хотири қаҳрамонии ҷавонони мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ 7353 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шуда, зиёда аз 2500 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.

Мояи хурсандии кулли мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла варзишгарони номбардори Ватан аст, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 Тоҷикистонро зиёда аз 14 варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ намояндагӣ намуда, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев бо гирифтани се медали биринҷӣ номи Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои дорои медали Бозиҳои олимпӣ сабт намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат маҳз ҷавонон саҳми арзанда дошта, онҳо тамоми кӯшишу талошро ба ободии диёр равона менамоянд. Ҳамин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардидааст: «Мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 12, 2024 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид