35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 3090 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 10.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 6260 иншооти нақшавӣ 3090 иншоот ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 9 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар 6 моҳи имсол дар доираи нақшаи чорабиниҳо 685 иншоот, аз ҷумла 50 иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ, 22 иншооти варзишӣ, 55 иншооти соҳаи кишоварзӣ ва 171 иншооти хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт», -гуфт Раиси вилоят.
Таъкид шуд, ки дар ин раванд 6539 ҷойи кор таъсис дода шуда, барои зиёд намудани шумораи иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар умум 739 иншоот ба таври илова ба нақшаи чорабиниҳо ворид карда шуд. Корҳо дар ин самт батадриҷ амалӣ мешаванд.
Раиси вилоят саҳми соҳибкорони маҳаллиро дар рушди соҳаи саноат назаррас хонда, гуфт, ки бо ҷалби онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шашмоҳаи якуми имсол 40 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 343 ҷойи кор бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
АКС аз бойгонӣ








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






