Ҳайати Тоҷикистон дар VIII Конгресси байналмилалӣ таҳти унвони «Мероси ниёгони бузург — асоси эҳёи сеюм» иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар Ҷумҳурии Узбекистон дар VIII Конгресси байналмилалӣ таҳти унвони «Мероси ниёгони бузург — асоси эҳёи сеюм» иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази исломшиноӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ зиёда аз 300 олим ва мутахассиси шинохта аз 35 кишвари дунё иштирок доранд. Дар Конгресси мазкур Тоҷикистонро мутахассисон аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, Осиёи Миёна дар даврони то исломӣ, ҳаёти маънавӣ ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ дар ин давра, масъалаҳои асосии мероси маънавӣ, маориф ва илм ҳамчун асоси тамаддуни башарӣ, нодираҳои мероси сарчашамшиносӣ, меъморӣ ва ҳунармандӣ — мерос барои оянда ва Осиёи Миёна гаҳвораи тамаддуни исломӣ мавриди баррасии мутахассисон ва донишмандон қарор гирифт.
23 август директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар қисмати пленарии Конгресс дар мавзуи «Нақши Имом Бухорӣ дар рушди тамаддуни башарӣ», «Низоми ҳуқуқи Осиёи Миёна то даврони исломӣ» сухан гуфт.
Ҳамзамон дар идомаи Конгресс аз ҷониби намондагони Тоҷикистон дар мавзуъҳои «Хусусиятҳои таълимоти динӣ дар Осиёи Миёна дар асри XIX ва аввали асри XX», «Ашъори Ҷомӣ ва Навоӣ дар катибаҳои гулдузҳои Тоҷикистон ва Узбекистон» ва «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ-форсӣ дар фарҳанги исломӣ» маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки VIII Конгресси байналмилалӣ таҳти унвони «Мероси ниёгони бузург — асоси эҳёи сеюм» 23 август оғоз ёфта, то 26 август дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон идома меёбад.
АКС: Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






