Ҳамкории Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск густариш меёбад

Август 22, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 22.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск, ки моҳи феврали соли 2024 ба имзо расонида шуд, ҷонибҳо барои ҳамкории дуҷонибаи судманд, нақшаҳои минбаъда ва ба иҷро расонидани Созишномаи ҳамкорӣ вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск Андрей Ветлужских бо фаъолияти Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, синфхонаҳои таълимӣ ва Маркази забономӯзии Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд шинос гардид. Ҳамзамон дар машғулияти омӯзишии шунавандагон ва омӯзгорони марказ иштирок намуда, бо раисони кумитаҳои соҳавӣ ва кормандони масъули дастгоҳи Шурои Иттифоқҳои касабаи вилоят вохӯрӣ намуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва минтақаҳои он сол то сол инкишоф ва таҳким ёфта, дар бисёр самтҳои фаъолият ҳамкории зич амалӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ доир ба ҳамкории дуҷонибаи судманд, нақшаҳои минбаъда ва ба иҷро расонидани Созишномаи ҳамкорӣ ибрози назар карда шуд.

АКС: Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

Август 22, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад