Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон вобаста ба роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобӣ барои мутахассисони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявии Суғд машварат гузаронид

Август 24, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 август аз ҷониби Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон барои мутахассисони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявии  вилояти Суғд дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобӣ ва таъмини бехатарии истифодаи воситаҳои пардохтӣ» машварат гузаронида шуд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Ассотсиатсияи бонкҳо хабар доданд, машварат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва донишу малакаи кории кормандони низоми бонкӣ гузаронида шуда, дар он кормандони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявии вилоят -Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк», ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи  «Ориёнбонк»,  «Эсхата», «Тавҳидбонк», «Коммерсбонки Тоҷикистон», «Алиф Бонк», ҷамъиятҳои саҳомии пӯшидаи «Аввалин Бонки молиявии хурд» ва дигарон дониш ва ҷаҳонбинии касбиро васеъ намуданд.

Оид ба паҳлуҳои мухталифи мавзуи машварат – масъалаҳои мавҷуда дар ин самт, пайдо намудани роҳҳои ҳалли пешгирии амалҳои қаллобӣ ва таъмини бехатарии истифодаи воситаҳои пардохтӣ дар назди ҳозирин устодони варзидаи низоми бонкӣ бо истифода аз воситаҳои технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ бо рунамоҳои ҷолибу оммафаҳм баромад карданд.

Дар байни устодон ва мутахассисони соҳаи бонкӣ пурсишу посух, муҳокимаронӣ ва ибрози андешаҳои судманд доир гардид.

Дар ҷамъбасти машварат ба иштирокдорони он сертификат супорида шуд.

АКС: Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон

Август 24, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст