Аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 1450 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст

Август 4, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти дарёфти бозорҳои содиротӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ бо 32 намояндагии ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар  ҳамкорӣ дорад. Дар ин хусус 2 август директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар айни замон дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар  пиёз, олу, лаблабу ва қаламфури булғорӣ содирот гардида, барои дар оянда афзун намудани иқтидори содиротӣ ҳамкорӣ бо дигар ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи мамлкат тақвият бахшида мешавад.

«Аз ҷониби Агентии содирот тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» бо ширкатҳои қазоқистонии «Казтрейд» ва «Касум Групп», ширкатҳои Федератсияи Русия «МаксиФрут», «Гранд-Трейд», «Меридиан» ва ширкатҳои Беларус «Просторитейл» ва «Евроторг» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар маҷмуъ 1446 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1095 тонна пиёз, 275 тонна олу, 40 тонна лаблабу, 18,5 тонна шафтолу ва 17,5 тонна қаламфури  булғорӣ содирот карда шуд.

«Тибқи дархости шарикони тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 2000 тонна ангур, 400 тонна олуи сиёҳ, 300 тонна маҳсулоти полезӣ (тарбуз, харбуза) ва 300 тонна хурмо ба хориҷи кишвар  содирот намоем.  Оид ба содироти як тонна асал бо Аморати Муттаҳидаи Араб гуфтушунид идома дошта, намунаи асали табиӣ ирсол гардид ва тибқи хулосаи ниҳоии он ҷониб асал  содирот мешавад»,-гуфт директори Агентии содирот.

Дар ин давра аз ҷониби Агентии содирот дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд машварати омӯзишӣ оид ба ташкили мактаби содирот баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории машварати омӯзишӣ омода намудани мутахассисони самти содирот дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷалби соҳибкорон ба омӯзиши тарзу усулҳои муосири рушди содирот мебошад. Дар доираи барномаи мактаби содирот нахуст бо ҷалби мутахассисони варзида лоиҳаи пилотии дастурамал оид ба ташкили тренингҳо дар самти содирот омода шуда, ба таври назариявӣ омӯзонида шуд. Инчунин ба иштирокчиён, аз ҷумла ба ширкатҳои ватанӣ сертификатҳои омӯзишӣ тақдим шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд