Қазоқистон бо сабаби пешгирии бемории обилаи маймун назорати сарҳадиро пурзӯр менамояд
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустии Қазоқистон маълумотро оид ба тадбирҳои пешгирии паҳншавии бемории обилаи маймун пешниҳод намуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба хадамоти матбуоти ин идора иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Қазоқистон ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории обилаи маймун сабт нашудааст.
Таъкид мешавад, ки вазорат барои пешгирии воридшавии сироят ба давлат тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Дар нуқтаҳои карантини санитарӣ, аз ҷумла фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ чораҳои назоратӣ пурзӯр карда шудаанд. Диққати асосӣ ба шаҳрвандони кишварҳое дода мешавад, ки дар онҳо ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории обилаи маймун сабт шудаанд.
«Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон вазъи эпидемиологиро назорат мекунад ва омода аст, ки ба ҳама гуна тағйирот зуд вокуниш нишон диҳад», — гуфта мешавад дар хабар.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






