БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ. Дар шаҳри Роғун ба хонандагони ятими кулл ва нимятим либоси мактабӣ туҳфа мекунанд
РОҒУН, 20.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи дониш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба 45 хонандаи ятими кулл ва нимятими шаҳр либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим мегардад. Ҳамчунин сарпарастон тарбиятгирандагони Хонаи бачаҳои ба номи Т. Қодирови шаҳри Роғунро бо либосҳои ягонаи мактабию ашёи хониш таъмин менамоянд. Дар ин хусус муовини Раиси шаҳри Роғун Умеда Сатторбекзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, ки ба фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус ятимону бепарасторон авлавият дошта, мавқеи хосро сазовор ҳастанд.
Имсол дар шаҳри Роғун коргоҳҳои дӯзандагии “Ситора” ва “Мавлуда” 4400 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол намуда, ба хонандагони муассисаҳои шаҳри Роғун пешниҳод менамоянд. Имрӯзҳо аз тарафи ин коргоҳҳои дӯзандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва чойхонаҳои ҷамъиятии деҳоти шаҳр намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва ашёву лавозимоти хониш идома дорад, ки сокинон метавонанд аз онҳо бо нархи дастрас либос харанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






