Бар асари обхезӣ дар Африқои Ғарбӣ беш аз 70 нафар ҳалок гардид

Август 15, 2024 16:05

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи обхезие, ки бар асари боронҳои шадид саросари давлатҳои Африқои Ғарбӣ ва Марказиро фаро гирифт, зиёда аз 70 нафар ҳалок шуда, 699 нафар ҷароҳати гуногун бардоштаанд ва беш аз 700 ҳазор нафар зарар дидаанд. Дар ин хусус сомонаи Tchadinfos бо такя ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид хабар додааст.

Тибқи ин маълумот, офати табиӣ ба беш аз 700 ҳазор нафар зарар расонида, 72 нафарро ҳалок намуд, 699 нафари дигар маҷруҳ ва маъюб шудаанд. 62 ҳазор бинои истиқоматӣ вайрон шудааст. Сухан дар бораи Гвинея, Ҷумҳурии Демократии Конго, Кот-д’Ивуар, Либерия, Мали, Нигерия, Того ва Чад меравад.

Аз ҳама бештар Чад зарар дидааст, обхезиҳо дар ин давлат ба 240 000 нафар зарар расонидаанд. Офати табиӣ на танҳо хонаҳоро хароб кардааст, балки маҳсулоти хӯрокворӣ низ нобуд гардидааст.

Созмони Милали Муттаҳид сабаби асосии ин офатро ба пайомадҳои тағйирёбии ҷаҳонии иқлим марбут медонад. Ҳамзамон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки барои наҷоти мардуме, ки зери хатари гуруснагӣ қарор доранд, тадбирҳои фаврӣ андешанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 15, 2024 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад