Бар асари суқути ҳавопаймо дар Бразилия 61 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 12.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Сан-Паулуи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия суқут кард , ки дар натиҷа 61 нафар ба ҳалокат расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа».
Ширкати ҳавопаймоии Voepass иттилоъ додааст, ки дар тайёраи суқут намуда, 57 мусофир ва 4 ҳайати сарнишини ҳавопаймо қарор доштанд, ки ҳамаи онҳо ҳалок шудаанд.
Ҳавопаймои ширкати минтақавии ҳавонавардии Бразилия — Voepass аз шаҳри Каскавелии Иёлоти Парана ба фурудгоҳи байналмилалии Гуарулюси Иёлоти Сан-Паулуи Бразилия парвоз анҷом медод.
Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷиабор 12 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
Дар Бразилия бинобар суқути ҳавопаймо рӯзи мотами миллӣ эълон карда шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






