Бар асари тирпаронӣ дар шарқи Фаронса як нафар ҳалок ва як нафар захмӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сешанбе бар асари тирпаронӣ дар назди бинои суд дар шаҳри Мюлуз дар шарқи Фаронса як нафар ҳалок ва як нафар сахт захмӣ шуд. Дар ин хусус хабаргузории «Синхуа» бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст.
Тавре рӯзномаи Le Parisien иттилоъ медиҳад, ҳадафи тир қароргирифтагон савори мототсикл буданд ва онҳоро як ё якчанд нафар аз мошине, ки дар назди бинои суд меистод, парондаанд.
Тибқи маълумоти шабакаи телевизионии хабарии фаронсавии BFMTV, як гумонбар боздошт шуда, ду нафари дигар дар озодӣ ҳастанд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, тирпаронӣ эҳтимол дар натиҷаи муноқишаи бо ғоратгарӣ алоқаманд рух дода бошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






