«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад

Август 31, 2024 11:44

ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри имсол аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин шахси ҳуқуқдон» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт иттилоъ доданд, озмун аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад:  саволу ҷавоби шифоҳӣ, хаттӣ ва тестӣ дар доираи мавзуъ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муаррифии рӯнамо (презентатсия)-и довталаб дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва  навиштани эссе дар мавзуи «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Озмун байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти типи нав (гимназия, литсей ва мактабҳои президентӣ), муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил ва сокинони ноҳия доир шуда, ғолибон то рӯзи ҷашни Конститутсия бо «Ифтихорнома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағҳои  пулӣ қадрдонӣ мегарданд.

Омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолибони даври озмун мегарданд, бо «Сипоснома» ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

 АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ

Август 31, 2024 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд