Боронҳои шадид дар Чехия сатҳи оби дарёҳоро баланд намуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Боронҳое, ки 18 август дар аксар минтақаҳои Чехия шиддат гирифтанд, сабаби якбора баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои ин кишвар ва халалдор гардидани ҷадвали парвозҳои ҳавоӣ бо Прага шуданд. Дар ин хусус сомонаи хабарии Idnes хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Миқдори зиёди бориш ба ғарб ва ҷанубу ғарби Чехия рост меояд. Дар шаҳри Збироги вилояти Плзен обуҳавошиносон нишондиҳандаҳои аз ҳама баланд — 100 мм боришро дар як метри мураббаъ сабт кардаанд. Манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои тиҷоратӣ зери об мондаанд. Сӯхторнишонҳо дар бархе маҳаллаҳои минтақа аз таҳхонаҳои биноҳо обро берун бароварда, дарахтони бар асари шамоли сахт афтодаро аз сари роҳ мегиранд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ватслав Гавел дар Прага тасмим гирифтаанд, ки сабти номи мусофиронро барои парвоз муваққатан боз доранд. Он замоне дубора фаъол мешавад, ки шиддати борон паст шуда, “бандари ҳавоӣ”-и пойтахт ба таври муътадил ба кор дарояд. Дар бораи таъхири парвозҳо иттилоъ дода мешавад.
Ба иттилои обуҳавошиносон, бориши шадид то 19 август идома меёбад. Обхезии маҳаллӣ низ эҳтимол дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






