БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Варзишгари Тоҷикистон Виктор Рассадин аз намуди гӯштини тарзи озод ба даври нимниҳоӣ баромад

Август 9, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 варзишгари Тоҷикистон Виктор Рассадин аз намуди гӯштини тарзи озод дар вазни то 74 кг ба даври нимниҳоӣ баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар варзишгар аз Юнон Йоргас Кюмтсидиси ва дар даври 1/4-ниҳоӣ бар Лу Фенг аз Чин пирӯз шуд.

Дар даври нимниҳоӣ Виктор Рассадин бо варзишгари узбекистонӣ Разамбек Жамалов рақобат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 се медали биринҷӣ дорад. Медалҳои биринҷиро дар намуди ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ва дар бокс Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг ба даст овардаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 9, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид