Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва қироат бо садои баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва бо овози баланд хондан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шуд. Дар ин хусус дар қонунҳо дар бораи разилатҳо ва фазилатҳо, ки дар ин кишвар ба тасвиб расидаанд, омадааст.
Қонунҳо, ки 114 саҳифа ва 35 моддаро дар бар мегиранд, аз ҷониби агентии Ассошиэйтед Пресс таҳлил карда шудаанд.
Аз ҷумла, қонунҳо чунин ҷанбаҳои ҳаёти ҳаррӯзаро ба монанди нақлиёти ҷамъиятӣ, мусиқӣ ва идҳо фаро мегиранд.
Моддаи 13 ба занон дахл дорад. Дар он гуфта мешавад, ки овози зан «маҳрам» аст. Аз ин рӯ, ба занон дигар иҷозат дода намешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ суруд сароянд ва бо овози баланд қироат намоянд.
АКС аз манъбаҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






