Дар Бохтар 28 ронанда барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт ва ҷарима гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалисозии амалиёти «Чароғаки роҳнамо» дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон 28 ҳолати дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо муайян ва сабт карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин раёсат хабар доданд.
Бо мақсади пешгирии рух додани садамаҳо дар ҳудуди роҳҳои мошингарди вилоят, баланд бардоштани маърифати ронандагон ва интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз ҷониби шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ амалӣ мегардад, ки амалиёти «Чароғаки роҳнамо» аз ҷумлаи онҳо аст.
Давоми ҳафтаи сипаришуда корманди милитсияи Хатлон бо мушоҳидаи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, аз ҷумла вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагони саркаш ҳолатҳои зиёди дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро муайян ва сабт намуданд.
Аз рӯйи далелҳои вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби нозирони роҳи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ронандагон боздошт ва дар асоси навору расмҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






