Дар Душанбе беш аз 3000 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 607,1 ҳазор нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол 3066 нафар занон бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 1315 нафар занон даврҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридӯзӣ ва даврҳои кӯтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуда, соҳибкасб гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе 15,1 ҳазор нафар занони ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул сабт шуданд.
Ҳамзамон ба гуфтаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, дар пойтахт 3375 оилаи нав сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 60 ҳолат камтар мебошад. Яъне, шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра ба 756 ҳолат расидааст, ки нисбат ба соли 2023 184 адад кам мебошад.
Дар шашмоҳаи аввали имсол аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр, новобаста ба шакли моликият 22 ҳазору 805 ҷойи кор таъсис ва барқарор шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (1319) 6 фоиз бештар аст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






