Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 то 18 октябр бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар шаҳри Душанбе доир мешавад.
Синамоҷоизаи миллӣ бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» доир шуда, ба тарғиби дастовардҳои замони истиқлол, махсусан рушду шукуфоии босуръати шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ намоиш дода мешаванд.
Ҳамчунин ба барномаҳои гуногуни он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, метавонанд пешниҳод шаванд.
Филмҳо дар қолаби МР-4 (Н 264), DCP ё бо шакли электронӣ ба забони асл бо зерматнҳои англисӣ ва русӣ дар суроғаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ё почтаи элетронии tajikfilm@gmail.com то 1 сентябри соли 2024 қабул карда мешаванд.
Барои муайян намудани беҳтарин филмҳо дар бахшҳои «Озмунҳои миллии филмҳо» ва тақдими ҷоизаҳо ба онҳо ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ва миллӣ иборат аз муътабартарин филмсозон, мунаққидон ва пажуҳишгарони фарҳанги синамоӣ даъват мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи якуми миллии Душанбе — «Тоҷи Сомон» соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






