Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 август бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар ҳамоиш ходими пешбари шуъбаи таърихи навтарин дар мавзуи «Инъикоси равандҳои сиёсии солҳои 90-уми асри XX дар осори Пешвои миллат» маъруза намуд. Иброз гардид, ки арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафта, ифтихор аз он пайвандгари наслҳои гузашта ва имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад.
Мазмуну муҳтавои асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон аз он мекунад, ки ҳар насл ва ҳар фарди алоҳида занҷире дар таърихи башарият аст, ки тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда мепайвандад.
Таъкид гардид, ки асарҳои Пешвои миллат на танҳо ба хотири донистани гузашта, балки дурнамоеанд, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, ба таҳкиму тақвияти ватанпарастиву давлатдорӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда мусоидат менамояд.
Асарҳои Пешвои миллат инъикосгари таърихи гузаштаву имрӯз ва махсусан дастовардҳои замони истиқлол буда, мутолиаи онҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллии тоҷикон аҳамияти хосса дорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






