Дар Ҳисор ҷаласаи ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният ва тартибот доир гардид

Август 9, 2024 15:22

ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 август ҷаласаи кории навбатии Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният ва тартибот дар шаҳри Ҳисор бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, роҳбарони ташкилоту муассиса ва ходимони дин баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки ситод бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, татбиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки бо таҳрири нав қабул шудаанд, фаъолият менамояд. Он масъалаҳо вобаста ба вазъи хурофотпарастӣ, афзоиши дингароӣ, зиёдаравӣ дар ҷашну маросим, раванди сусти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористиро пайгирӣ менамояд.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии мамлакат иштирокдорони ҷаласаро бо нақшаи фаъолияти ситод дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шинос намуда, роҳу усулҳои корбарии аъзои онро шарҳ дод.

Вобаста ба рӯзномаи ҷаласаи ситод кормандони масъули Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, прокурори шаҳри Ҳисор, масъулини шуъбаи маориф ва сархатиби шаҳр сухан намуданд.

Аъзои ситод бо дастгирии фаъолони шаҳр нисбат ба масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, афзоиши дингароӣ, зиёдаравӣ дар ҷашну маросим, раванди сусти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла, ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҷиддӣ муносибат карда, дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву ахлоқи ҳамида ва эҳтиром ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ, ки кафили таҳкими суботу амнияти давлату миллат маҳсуб мешаванд, саҳми муносиб мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 9, 2024 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад