Дар Испания бар асари сӯхтори ҷангал қариб ҳазор нафар кӯчонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари сӯхтори ҷангал дар шимолу ғарби Испания, дар наздикии сарҳад бо Португалия қариб 200 гектар ҷангали дарахтони сӯзанбарг сӯхтааст. Қариб ҳазор нафар одамон кӯчонида шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба El Pai хабар додааст.
Сӯхтор 17 август дар ҷангале дар ҳудуди мунисипалитети Самора, дар музофоти Кастилия ва Леон, тахминан дар километри 10-уми сарҳад бо Португалия ба амал омадааст.
АКС: АЗЕРТАҶ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






