Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе озмоишгоҳҳои таълимӣ таъсис дода шуданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе озмоишгоҳҳои таълимӣ аз фанҳои физика, химия, технологияи рақамӣ, технологияи иттилоотӣ, география ва сайёҳӣ ва кабинетҳои фаннӣ аз фанҳои биология, экология ва математика таъсис ёфтанд, ки то оғози соли нави таҳсил ба истифода дода мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, озмоишгоҳҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, асбоби аёнӣ ва дигар воситаҳои техникӣ муҷҷаҳаз шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо озмоишгоҳҳо Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ барои самаранок истифода намудани озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ дар раванди таълим ва омода намудани мутахассисони баландпояи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат сухан гуфт.
Ҳамзамон дар коллеҷ толори хурд барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, вохӯриҳо ва ҷаласаҳои онлайнӣ ба истифода дода шуд.
Ташкили чунин озмоишгоҳҳои таълимӣ дар самти беҳтар гардонидани раванди илмомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳа, инчунин тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ судманд мебошад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






